ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Теъдоди оташнишонҳою наҷотдиҳандагони иштирокдор дар хомӯшсозии сӯхтор дар вилояти Рязан то ба 9,6 ҳазор нафар зиёд карда шуд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия.
"Шумори умумии одамон беш аз 9,6 ҳазор ва техника ҳудуди 2,6 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки 18 ададашро ҳавопаймо ташкил медиҳад", - гуфт мусоҳиби хабаргузорӣ.
Таъкид шудааст, ки нерӯи асосӣ дар шимоли вилоят ҷойгир шудааст, ки оташнишонӣ дар он ҷо ба масофаи 11 километр идома дорад.
Ба иттилои ВҲФ то ҳол чархболу ҳавопаймоҳо ҳудуди 2,78 ҳазор партоби обро ба манобеи сӯхтор анҷом додаанд, ки наздики 21 ҳазор тонро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар робита ба сӯхторҳо дар кишвар ҷаласа баргузор намуда, ҳисоботи масъулинро шунид. Ӯ аз ҷумла дастур дод, ки барои хомӯш ва кам кардани хисорот дар вилояти Рязан, ҳифзи одамон ва табиат тамоми чораҳоро андешида шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки аз оғози ҳафта дар вилояти Рязан вазъи изтирорӣ эълон шуда, бархе аз минтақаҳои аҳолинишини он тахлия шудаанд.
Аз ҷумла шаҳрдории Маскав низ, ки сокинони он дуди сӯхтори Рязанро эҳсос карданд, барои хомӯш кардани он кумак фиристод.
Бӯи сӯхтор, ки то ҳол низ дар бархе аз навоҳии Маскав эҳсос мешавад, ба гуфтаи "Роспотребнадзор" барои сиҳатии сокинон зарар надорад.
Дар зимн раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи ахир таъкид кард, ки дар кишвар тамоми зарфиятҳо барои вокуниши фаврӣ ба чунин офатҳо мавҷуданд, Ӯ дар ин бахш масъалаи ташкили дурусти корро муҳим хонда, масъулинро барои роҳандозии он муваззаф намуд.