Мақомот гуфтанд, кадом давлатҳо моли Тоҷикистонро бештар мехаранд

Тоҷикистон додугирифтагшро бо кишварҳои мухталиф афзоиш дода, ҳаҷми гардиши савдои хориҷиашро аз аввали сол то ин дам ба беш аз 4,1 млрд доллар расонидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Шарикони асосии содиротии кишвар дар ҳафт моҳи ахир Қазоқистон, Чин, Туркия ва Ӯзбакистон будаанд, иттилоъ додааст хабаргузории "Авесто" дар истинод Агентии омори Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳиссаи содироти колоҳои Тоҷикистон ба Қазоқистон 21,2 дарсад аз ҳаҷми умумии маҳсулотро ташкил медиҳад.
Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон ба Қазоқистон ба маблағи беш аз 287,9 миллион доллар маҳсулот содир шудааст, аммо ҳаҷми воридот аз ин кишвар беш аз 493,7 миллион долларро ташкил додааст.
Афзоиши наздик ба 40-дарсадии савдои хориҷии Суғд: шимоли Тоҷикистон чӣ содир кард?
Мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Чин дар ин давра 766,1 миллион долларро ташкил дода, воридот беш аз 521 миллион доллар расидааст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудаааст, ки дар маҷмӯъ, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли равон беш аз 4,1 миллиард долларро ташкил додааст.
Ҳаҷми воридот беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дода, 245,2 фоиз ё 559,2 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Содироти мол 1,3 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 1,9 фоиз ё 25,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст.