ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ иштирок мекунад.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ афзуд, ҳамоиши ҷаҳонии ҷавонон дар Қазон рӯзҳои 27-30 август дар назар буда, аз Тоҷикистон дар он ҳудуди 30 ҷавон иштирок мекунанд. Таъкид шудааст, ки роҳбарии ҳайати ҷавонони тоҷикистониро дар ин ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Шабнам Раҳимзода ба уҳда дорад.
Зикр гардидааст, ки ҳамоиш дар доираи барномаи байналмилалии "Қазон - пойтахти ҷавонони Созмони Ҳамкории Исломӣ - 2022" баргузор гардида, дар он ширкати 300 нафар аз беш аз 50 давлати ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ҷавонони кишвари мизбон - Русия, Ӯзбекистон, Бангладеш, Қазоқистон, Камерун, Мадагаскар, Нигер, Серра-Леоне, Озарбойҷон, Алҷазоир, Гамбия, Гана, Миср ширкат мекунанд.
Индонезия, Урдун, Эрон, Канада, Шоҳигарии Баҳрайн, Қирғизистон, Лубнон, Либия, Малайзия, Мали, Марокаш, Мозамбик, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Туркия, Уганда ва ғайра аз иштирокдорони дигари ин ҳамоиш арзёбӣ шуданд.
Баргузоркунандагони ҳамоиш мавзӯъҳои баррасишаванда дар ин ҳамоишро муҳоҷирати ҷавонон, муколамаи байнифарҳангӣ, соҳибкории ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз гуфтанд.