ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 166,8 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 167 сомонӣ арзиш дошт.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ рӯ ба коҳиш дорад. Агар рӯзи қаблӣ як доллар дар сатҳи 10.2510 сомонӣ муаян шуда буд, ҳоло бошад 10.2500 муқаррар шудааст.
Асъори аврупоӣ ҳам поин рафтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.1725 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10.2356 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 175 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 166,8 ва дар фурӯш 169,3 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 166,8 ва 169 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 166,5 ва ҳангоми фурӯш 169,5 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.