Ихроҷи нуҳ шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир

Мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон теъдоде аз паноҳанҷӯёни афғонистониро аз хоки кишвар берун кардаанд. Гуфта мешавад, эшон ба Афғонистон мунтақил шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Мақомоти амниятии Тоҷикистон дар чанд рӯзи ахир 9 паноҳанҷӯёни афғонистониро аз қаламрави кишвар ихроҷ кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста”.
Тибқи иттилои манбаъ паноҳҷӯёнро мақомоти амниятӣ ба марз бурда, аз онҷо ба Афғонистон ихроҷ карданд.
“То ҳол намедонем, ки чаро ин ҳолат пеш омад. Баъзе аз муҳоҷирони афғонро барои тафтиши ҳуҷҷат даъват карда, бо мошин ба марз бурданд ва ба он тараф гузаронданд. Баъзеҳоро аз хона гирифта бурданд,” -- афзуд як манбаъ.
Гуфта мешавад, ки давоми як ҳафтаи охир 9 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон ихроҷ карда шудаанд. Манбаъ афзудааст, ки шумори муҳоҷирони ихроҷшуди афғон метавонад, аз ин бештар бошад.
Тарсу нафрат дар Кобул: воқеъияти нави Афғонистон дар тасовир
1 / 8

Ҷамъомади мардуми зиёде дар назди мизи шиносномадиҳӣ пас аз эълони “Толибон”* дар бораи азсаргирии шиносномадиҳӣ ба шаҳрвандон

2 / 8

Аксари кошонаҳои ҳусн бидуни тоблуҳои таблиғӣ: онҳо ё канда ё ранг карда шуданд

3 / 8

На ҳамаи мағозаҳо ба воқеъияти нав мутобиқ шудаанд

4 / 8

Назди мағозаҳо ҳамеша метавон нафаронеро дид, ки дар ҳолати фақр қарор доранд

5 / 8

Барои дархости кумак ҳамзамон занҳое меоянд, ки дар давоми як рӯз бекор монданд

6 / 8

Кӯчаҳои шаҳри Кобулро ҷангҷӯёни мусаллаҳи “Толибон”* назорат мекунанд

7 / 8

Аксарии занҳо дар Кобул акнун танҳо бо бурқа гаштугузор мекунанд, то аз зери назари ҳокимияти ҷадид дур бошанд

8 / 8

Бахши зиёди тиҷорат дар Афғонистон дар ҳоли рукуд қарор дорад

Дар ҳамин ҳол, масъулони Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезагон дар Тоҷикистон гуфтанд, аз масъала хабар доранд ва ба зудӣ дар ин бора иттилоия пахш мекунанд.
Мақомот расмӣ то ҳол дар ин бораи ихроҷи панҷоҳҷӯёни афғонистони шарҳе надодааст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, аз оғози сол нисбати 32 шаҳрванди Афғонистон барои вайрон кардани қоидаи будубош санад тартиб додаанд.
Масъулини ВКД-и Тоҷикистон хабар доданд, ки ин теъдоди шаҳрвандони Афғонистон танҳо ҷарима шуданд ва аз кишвар ихроҷ нашудаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Афғонистон паноҳ бурдааст. Паноҳандагон Тоҷикистонро, барои зиндагии ҳамеша интихоб накардаанд, балки тавассути Тоҷикистон талош мекунанд, ба кишварҳои хориҷ бираванд.