Дар Ӯзбекистон ярмаркаҳои идона бахшида ба Рӯзи истиқлол ташкил карда шудаааст. Ярмаркаҳо то 5 сентябр дар шаҳри Тошканд ва ҳамчунин дар тамоми марказҳои шаҳру вилоятҳои ин ҷумҳурӣ фаъолият хоҳанд кард.
Нархи маводи ғизоӣ дар ин ярмаркаҳо аз нархи бозор поинтар хоҳад буд, зеро кишоварзон дар ҷараёни ярмарка аз пардохти иҷораи дӯконҳо озод шудаанд ва ин боиси коҳиши хароҷоти тавлидкунандагон мегардад.
Азбаски ярмаркаҳо дар ҳудуди бозорҳои марказии шаҳр ва вилоятӣ фаъолият хоҳанд кард, ҷадвали кори онҳо мисли бозорҳо: аз соати 8 то 20.
Дар Тошканд аллакай дар бозорҳои Юнусобод, Қуйлук, Миробод, Қарақамиш, Авиасозлар, Фарҳод, Асқия, Сергели, Эски Ҷува, Наврӯз ва Чилонзор ярмаркаҳо ташкил карда шудаанд.
Баргузории ярмаркаҳоро Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон, Ассосиатсияи занбурпарварон, Кумитаи давлатии рушди бойторӣ ва чорводорӣ ва дигар мақомоту идораҳо дастгирӣ кардаанд.
Гузориши аксии Sputnik аз ярмаркаи фур=ши мащсулот дар ҳудуди бозори Миробод.