Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазири дифои Русия сабаби суст шудани ҳамлаҳо дар Украинаро шарҳ дод

Таъкид шуд, ки нерӯҳои Русия танҳо ба инфрасохтори низомӣ бо силоҳи дорои дақиқияти баланд зарба мезананд, то талафот миёни аҳолии осоишта набошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Коҳиши раванди ҳамла дар чаҳорчӯби амалиёти вижаи низомӣ дар Украина як тасмими огоҳона барои кам кардани талафоти ғайринизомиён аст.
Ин нуктаро вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд баён дошт.

"Дар ҷараёни амалиёти вижа мо меъёрҳои башардӯстонаро қатъӣ риоя мекунем. Зарбаҳо бо силоҳҳои дақиқ ба инфрасохтори низомии нерӯҳои Украина - посгоҳҳои фармондеҳӣ, фурудгоҳҳо, анборҳо, истеҳкомҳои низомӣ зада мешавад" - гуфт ӯ.

Вай изҳор дошт, ки нерӯҳои Русия тамоми корро анҷом дода истодаанд, то миёни аҳолии осоишта талафот набошад.
"Низомиёни Русия дар қаламравҳои озодшуда ба ташкили ҳаёти осоишта - расонидани кумакҳои башардӯстона, барқарорсозии инфрасохтор ва низоми таъмини ҳаёт машғуланд", - изҳор дошт вазир.
Ҳушдори Шойгу аз хатари афғонӣ: Русия тавони пойгоҳаш дар Тоҷикистонро пурзӯр мекунад
Ӯ дар зимн аз тактикаи нерӯҳои Украина интиқод кард, ки "тактикаи замини сӯхта"-ро истифода бурда, тамоми меъёрҳоро бо рафтори террористияшон нақз мекунанд. Таъкид шуд, ки мавқеи оташкушоиро дар кӯдакистону макотиб ва дигар инфрасохтори мулкӣ ҷой мекунанд.
Шойгу дар шарҳи далели оғози амалиёт гуфт, мақомоти Киев бо бархӯрдашон дар баробари Донбасс ва баъдан барои Русия хатар эҷод карданд, ки ночор ба оғози амалиёти низомӣ овард.