ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар вилояти Суғд 47 корхонаи саноатӣ фаъолият намекунад, гуфта мешавад дар иттилоияи нашркардаи Агентии омори ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин дар 169 корхонаи дигар нишондиҳандаи истеҳсолӣ ба сифр баробар аст.
Бар асоси маълумоти оморӣ, аксари корхонаҳои бекорхобида дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шудаанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд 8 корхонаи саноатӣ сабт гардидаанд, ки феълан фаъолият надоранд. Дар маҷмуъ теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд 177 адад арзёбӣ шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 12 иқтидори нави истеҳсолӣ бунёд карда шуд. Дар баробари ин дар ин давра 7 корхона фаъолият накардааст, 15 корхонаи дигар мавсимӣ мебошанд.
Дар Конибодом ҳам соли равон шумораи корхонаҳое, ки фаъолият надоранд, афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла бо такя ба шаҳрдории Конибодом зикр гардидаст, ки ҳоло 5 иншооти истеҳсолӣ бекор истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи стратагӣ қарор дода, барои татбиқи он барномаҳои махсуси давлатиро қабул намудаст.