То 38 дараҷа гарм: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Дар ҳоле ки ҳаво дар бархе аз навоҳии ҷануби Тоҷикистон то ба 38 дараҷа гармӣ мерасад, дар минтақаҳои шарқии ҷумҳурӣ то +4 ва +9 дараҷаро ташкил хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар матлаб.
Вилояти Суғдро низ ҳавои гарми бебориш фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Боришот дар Хатлон низ дар назар нест, эҳтимоли чангу ғубор ҷой дорад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои монанд ба Хатлон шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ фарогир хоҳад буд. Чангу ғубори суст пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш ва чангу ғубори суст дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18 ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.