Сарфи назар аз хисорот сокинони ВМКБ озодпалангонро дар оғилҳо медоранду раҳо мекунанд

Ҷашнвораи "Озодапалангро муҳофизат мекунем", дӯстдорони ин ҷонвари нодири табиатро дар ҷамоати Зонги ноҳияи Ишкошими гирди ҳам ВМКБ ҷамъ овард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Шумори расмии озодапалангон дар Бадахшон ба 300 адад расида, феълан дар ҳоли афзоиш мебошад.
Ин нуктаро Қурбоншоҳ Аламшоев, роҳбари созмони "Куҳҳои Помир" ва яке аз баргузоркунандаҳои ҷашнвораи "Озодапалангро муҳофизат мекунем" баён дошт.
Хабаргузории "Ховар" аз қавли Аламшоев овардааст, ки ба василаи чунин ҳамоишу фестивалҳо таваҷҷуҳи сокинони маҳаллиро ба ҳифзи ин ҷонвари нодир ҷалб месозанд.
"Макони аслии бабри барфӣ ё озодапаланг шарқи Бадахшон буда, ба ҳама гуна иқлими табиат, ҳатто дар баландии беш аз 6 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ба сардии тоқатфарсо ҳам тобовар мебошад", - таъкид кард ӯ.
"Экотерроризм": толибон дар Вахон оҳуву Марко Поло ғайриқонунӣ шикор мекунанд
Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Мулкамон Назаралиев аз тараҳҳуми сокинони маҳаллӣ тавсиф кард, ки сарфи назар аз талафи чорвояшон озодапалангро зинда медоранду баъдан раҳо мекунанд.
Ӯ гуфт, баъзан озодапалангҳо ба иллати сербарфӣ дар ҷустуҷӯи ғизо ба маҳаллаҳои аҳолинишин фаромада, ба ҳайвоноти хонагӣ ҳамла мекунанд. Зикр шуд, ки дар ду соли охир озодапаланг зиёда аз 140 сар чорвои сокинони ин минтақаро нобуд намудааст.
"Аммо сарфи назар аз чунин хисорот сокинони деҳа озодапалангонро дастгир намуда, дар қафас андохтанд ва ба кӯҳдоман бурда, раҳояш кардаанд", - гуфт Назаралиев.
Вай таъкид намуд, ки ин натиҷаи мусбати баргузории чунин маҳфилҳои маърифатӣ - экологӣ ба шумор меравад.