Аз иқтисоди сабз то иқтисоди рақамӣ: баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Корея дар Душанбе

Дар Душанбе тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар дидор бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии фиристодаи махсуси президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Со Бёнсу масъалаи рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод.
Завқӣ Завқизода зимни мулоқот зикр намудааст, ки муносибатҳои ду кишвар пайваста рушд меёбанд.
Гуфта шудааст, ки ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ибрози назар карданд.
Таъкид шудааст, ки тарафҳо аз ҷумла дар бораи дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои “Иқтисоди сабз”, “Иқтисоди рақамӣ”, таъсиси “Паркҳои технологӣ”, “Технологияҳои рақамӣ”, “Содагардонии расмиёти савдо” ва ҷорӣ намудани Низоми “Савдои электронӣ” мубодилаи афкор намуданд.
Ифтитоҳи Академияи омӯзиши забони кореягӣ барои муҳоҷирати корӣ ба Корея
Инчунин тарафҳо афзоиши содироти молу маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон, аз қабили меваю сабзавот, меваҳои хушк, асал ва оби ошомиданиро баррасӣ карданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо аз ҳайати кореягӣ даъват кард, ки бо дарназардошти имконияти ин кишвар барои ҷалби сармояи мустақими кореягӣ ба иқтисоди миллӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла мошинҳои барқӣ, техникаҳои барқӣ бо истифода аз технологияҳои муосири Корея мусоидат намояд.
Ҳамзамон тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда иброз намуданд.