Қимати газ дар Аврупо рекорд зад

Гармои тобистони равон ва эҳтимоли камбуди гази табиӣ дар фасли зимистон қимати ин маводи сӯхтро дар Аврупо рӯз то рӯз боло мебарад, ки аз ҳоло рекордӣ шуда
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Додаҳои бозори биржаи ICE Лондон нишон медиҳад, ки нархи газ дар бозори Аврупо аз аввали моҳи марти соли ҷорӣ барои нахустин бор аз ҳадди 3000 доллар барои 1000 метри мукааб убур кардааст.
Дар ифтитоҳи бозори савдо дар моҳи сентябр (дар асоси бузургтарин шохиси маркази аврупоӣ - TTF) он ба 2800 доллар боло рафт ва то соати 11:07 ба вақти Маскав 2921 доллар муомилот шуд ва пас аз 12 дақиқа ба 3022,4 доллар расид, ки дар муқоиса бо қимати қаблӣ 19% зиёд шуд.
"Газпром" ахиран эълон кард, ки Русия ба далели тармими тарҳрезишуда дар авохири моҳи ҷорӣ (август) интиқоли гоз ба Аврупоро аз тариқи лӯлаи "Маҷрои шимолӣ-1" барои се рӯз қатъ мекунад.
"The Telegraph": Саноати Олмон бидуни гази Русия фалаҷ хоҳад шуд
Афзоиши тақозо ба нерӯи барқ ​​дар миёни гармои шадид ва коҳиши интиқоли гази Русия қимати газро боз ҳам боло бурд.
Дар ҳоле ки Иттиҳодияи Аврупо талош дорад, захираҳои гази худро пеш аз оғози зимистон пур кунад, саноеъи ин қора тавлидотро мутаваққиф кардаанд ва хонаводаҳо маҷбуранд барои нерӯи барқ ​​ва гармӣ қимати гарон бипардозанд.
Иттиҳодияи Аврупо Маскавро ба истифода аз “энергия ҳамчун силоҳ” муттаҳам мекунад, аммо Русия ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки таҳримҳои аврупоӣ сабаби аслии коҳиши содирот ва интиқоли гази Русия аст.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 24 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як суханронии телевизионӣ аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои дифоъ аз ҷумҳуриҳои Донбасс, ки дар авоили ҳамон ҳафта расман эътироф шуда буд, хабар дод.
Аз он замон кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримҳо алайҳи Русияро афзоиш дода, теъдоде аз бонкҳои Русияро таҳрим карданд, теъдоде аз мақомоти баландпояи Русияро ба рӯйхати сиёҳ ворид намуда, дороиҳои онҳоро дар хориҷи кишвар мунҷамид карданд.