Болоравии меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар кишвар ба андозаи 0,25 банди фоизӣ боло бурд. Ин нахустин ҳолати болобарӣ дар соли равон мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон 13,5% муқаррар карда шуд, тасмим гирифтааст Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, меъёри нави бозтамвил аз 22 август мавриди амал қарор гирифта, дар муқоиса бо нишондоди пешӣ 0,25% бештар аст.
Қаблан аз моҳи октябри соли 2021 меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон дар 13,25% муқаррар шуда буд. То он замон ин нишондод ба 11% баробар буд.
Қарори болобарии меъёри бозтамвил ба ҳифзи сатҳи таваррум дар доираи нишондодҳои пешбинишуда рабт дода мешавад.
Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро поин бурд
Маврид ба зикр аст, ки сатҳи таварруми пешбинишуда дар ҷумҳурӣ соли равон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи 6% ҷамъ ва тарҳи 2% муқаррар гардидааст.
Дар ҳамин ҳол тайи як соли охир - аз моҳи июли соли 2021 то июли соли равон сатҳи таваррум ба иттилои расмӣ 8,3%-ро ташкил додаст. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3% арзёбӣ шудаст.
Дар феҳрасти омилҳои асосии болоравии сатҳи таваррум, гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ ба андозаи қариб 5% зикр шудаст. Нархи маҳсулоти ғайриозуқа 2,1% ва ва хадамоти пулакӣ ба аҳолӣ 1,3% боло рафтааст.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.