Тавони мо кофӣ нест: кумакхоҳии толибҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ

Офатҳои табиӣ, ки вақтҳои охир Афғонистонро фаро гирифтаанд, ҳукуматдорони нав дар ин кишварро нигарон ва водор ба кумакхоҳӣ намудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Толибҳо дар пайи ҳалокати даҳҳо нафар дар обхезиҳои охир дар Афғонистон аз ҷаҳониён дархости кумак кардаанд.
Мақомдорони ҷадиди афғон аз ҷаҳониён даъват мекунанд, ки ба осебдидагон кумак кунанд, зеро чанд вилояти ин кишвар бар асари обхезӣ хисороти ҷиддӣ диданд, навиштааст "Интерфакс".
"Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишварҳои исломӣ, созмонҳои хайрия ва башардӯстона хоҳиш мекунем, ки барои расонидани кумак чораҳои фаврӣ андешанд", - омадааст дар муроҷиатномаи онҳо.
Толибҳо аз СММ хостанд, таҳримҳо алайҳи роҳбаронашонро бекор кунанд
Ҳукумати толибҳо таъкид намудаст, ки осебдидагони сели ахир ба кумак ниёз доранд ва аз ҷаҳониён хостааст аз ҳамкорӣ бо онҳо дар чунин “марҳилаи муҳим” худдорӣ накунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, феълан бар асари обхезиҳо дар Афғонистон 35 нафар кушта ва 65 тани дигар захмӣ шудаанд. Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи обхезӣ қариб 3 ҳазор бинои истиқоматӣ вайрон шудаанд. Майдонҳои кишт хароб гардида, селоб масоҳати зиёди заминро фаро гирифтааст, омадааст дар иттилоия.
Ҳукуматдорон ба хонаводаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ карда ва ба захмиён шифои ҳарчи зудтарро таманно кардаанд. Илова бар ин, ба тамоми масъулону идораҳои дахлдор дастур дода шудааст, ки ба осебдидагон кумак расонанд, аммо зарфияти кумаки дохилӣ барои бароварда кардани ниёзҳо кофӣ нест, мегӯянд толибҳо.