Дар Фархор корхонаи коркарди пахта ба истифода дода мешавад

Гуфта мешавад, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 20 тан аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Дар ноҳияи Фархор бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёди якчанд иншооту корхонаҳои нав дар назар аст.
Котиботи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки то охири соли равон дар ноҳияи Фархор корхонаи коркарди пахта ба истифода дода мешавад.
Манбаъ ҳамчунин аз фаъол шудани корхонаи истеҳсоли равған дар соли равон низ хабар дода афзуд, ки пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин ду корхона, 20 нафар аз сокинони маҳаллӣ имкони таъмин шудан бо ҷойи кори доимиро доранд.
Ин корхонаҳо аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Арчаи ҷамоати деҳоти Деҳқонобод бунёд шуда истодаанд.
Даромади 78,7-миллиондолларии Тоҷикистон фурӯши пахта ва нақшаи ҳукумат барои минбаъд
Илова бар ин, дар вилояти Хатлон сохтмони корхонаҳои истеҳсоли макарон, қоғази ташноб, коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ низ дар назар аст.
Гуфта мешавад, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон биноҳои шуъбаи милитсия ва таваллудхона сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.