Толибҳо аз СММ хостанд, таҳримҳо алайҳи роҳбаронашонро бекор кунанд

Нигоҳ доштани мамнуияти сафари роҳбарони толибҳо ба хориҷ фосилаи байни Афғонистон ва ҷаҳони берунро эҷод мекунад, иддао дорад ин гурӯҳ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Шӯрои Амнияти СММ бояд таҳримҳоро алайҳи раҳбарони толибҳо лағв кунад ва аз истифодаи он ҳамчун воситаи фишор даст кашад.
Ин нуктаро толибҳо бо нашри як изҳорот баён доштаанд.
"Дар Созишномаи Доҳа омада буд, ки ҳама таҳримҳо аз раҳбарони Имороти Исломӣ (ба гунае, ки толибон ҳукумати худро мегӯянд) лағв карда шаванд, ин созишнома бояд комилан иҷро шавад", - омадааст дар изҳорот.
Маврид ба зикр аст, ки мӯҳлати иҷозаи сафар барои мақомоти толибҳо рӯзи 19 август ба поён расид, аммо Шӯрои амнияти СММ то ҳол тамдиди онро эълом накардааст.
Ба гуфтаи ин гуруҳ, тамдиди муҳлати мамнӯъияти сафар ба кишварҳои хориҷӣ "ба ҷои муколамаи сиёсӣ миёни ҷонибҳо фосила эҷод хоҳад кард, ки бояд пешгирӣ карда шавад".
"Аъзои Шӯрои амният бояд дарк кунанд, ки бархе аз гурӯҳҳои ифротгаро дар Ғарб масофае миёни Афғонистон ва ҷаҳон эҷод мекунанд ва афғонҳоро ба мавзеъгирии тундгароёна тела медиҳанд, ки ин ба ҳеҷ кас нафъ намеорад", - таъкид шудаст дар санад.
Дар изҳорот омададст, Афғонистон, ки Амрико, НАТО ва 50 кишвари дигар бо тамоми нерӯю тавоноияшон дар он натавонистаанд сулҳу субот эҷод кунанд, фаълан ба манфиати тамоми ҷаҳон макони амн мебошад.
Русия: Ҳамлаи ИМА Афғонистонро ба озмоишгоҳи маводи мухаддир табдил дод
Маврид ба зикр аст, ки авоили моҳи августи соли 2021 толибҳо ҳамлаи худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба поён расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи августи соли гузашта аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, кӯчонидани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31-уми август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Феълан ягон давлате ин ҳукумати ин гуруҳро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст. Сабаби аслии кашолкорӣ дар машруъияти ин ҳукумат иҷро нагардидани ваъдаҳои додаашон дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди риояи ҳуқуқи инсону ташкили ҳукумати ҳамашумул гуфта мешавад.