ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Зиёда аз 60 дарсади аҳолии Олмон аз фаъолияти канслер Олаф Шолтс қаноатманд нестанд. Дар ин бора нашрияи Bild am Sonntag бо такя ба натиҷаҳои як назарсанҷии пажуҳишгоҳи ҷомеашиносии INSA хабар медиҳад.
Бино ба гузоришҳо, 62 дарсади шаҳрвандони кишвар аз фаъолияти сиёсии Шолтс дар мақоми раиси ҳукумати Олмон қаноатманд нестанд. Дар ҳамин ҳол, 25 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки аз фаъолияти ин сиёсатмадор қаноатманданд.
Тавре дар нашрия қайд шудааст, агар ҳоло интихоботи садри аъзами Олмон баргузор мешуд, Шольз бо чунин рейтинг дар миёни аҳолии кишвар аз зинаи сеюм боло намерафт.
Қаблан "Strategic culture" навишта буд, ки канслер мехоҳад бо Маскав муколама роҳандозӣ кунад, аммо ба далели ихтилофи назар бо раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен, ки натавонистааст ҳамкориҳоро бо Русия муассир ташкил кунад, ин масъала ба таъхир афтодааст.