Сабти гирифторӣ ба обилаи маймун дар як кишвари дигар

Теъдоди кишварҳое, ки дар қаламравашон гирифторӣ ба бемории обилаи маймун ба қайд гирифта шудааст, феълан наздик ба 90 ададро ташкил медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Пизишкони Куба нахустин ҳолати сироятёбӣ ба обилаи ҳамдуна дар ин кишварро ба қайд гирифтаанд.
Ба иттилои Вазорати тандурустии ин кишвар, сироятёфта як сайёҳ аз Италия мебошад, ки рӯзи 15 август вориди Куба шуд. Таъкид шудааст, ки сайёҳ пас аз сайру гашти чандрӯза худро нотоб ҳис намуда, ба пизишкон муроҷиат кардааст.
Тибқи иттилои портали Cubadeba, ҳоло бемор дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин беморӣ феълан дар наздик ба 90 кишвари ҷаҳон сабт гардидаст. Тоҷикистон мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз вуруди беморӣ назорат дар марзҳоро пурзӯр намудаст. Ба иттилои мақомоти тоҷик, феълан ягон ҳолати гирифторӣ ба обилаи ҳамдуна ҷой надорад.
Азми Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди обилаи маймун: вазир нишонаҳои беморро гуфт
Ин дар ҳолест, ки ахиран Тедрос Адханом Гебрейюс, раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, хуруҷи бемории обилаи маймунро як ҳолати изтирории байналмилалӣ эълон кард.
"Ман қарор додам, ки хуруҷи ҷаҳонии обилаи маймун як ҳолати изтирории тандурустии ҷамъиятӣ мебошад, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад", - гуфта буд ӯ.
Обилаи маймун як сирояти вирусист, ки метавонад байни одамон низ гузарад. Ҷараёни беморӣ одатан сабук мегузарад ва аксари беморон дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд ин дардро бо мушкилӣ паси сар кунанд.