Раҳбари толибон: Агар шариат иҷоза надиҳад, бо ҳич кишваре таомул нахоҳем кард

Раҳбари толибон дар тозатарин изҳороти худ гуфта, ки агар иҷозаи шаръӣ вуҷуд надошта бошад, ҳукумати ин гурӯҳ бо ҳич кишваре таомул нахоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг – Sputnik. Иморати исломӣ дар таомул бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ бо қавонини шариатӣ бархӯрд хоҳад кард, гуфтааст Мулло Ҳибатулло Охундзода, раҳбари толибон дар тозатарин изҳороти савтии худ, ки ахиран аз сӯйи Вазорати иттилооту фарҳанги ин кишар мунташир шудаст.
Охунзода гуфтааст, агар шариат иҷоза надиҳад, бо ҳеҷ кишваре таомул нахоҳанд кард.
Раҳбари толибон, ки танҳо як акс аз ӯ дар солҳои гузашта мунташир шуда, дар гирдиҳамоии бузургони маҳаллӣ дар Қандаҳор гуфт: "Ин нишаст барои он баргузор шуд, то дар бораи озодӣ, ки ба лутфи Худованду хуни муҷоҳидин ба даст омад, фикр кунед".
Оқои Охунзода афзуд: "Мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асоси шариат таомул хоҳем кард. Агар шариат иҷоза надиҳад, бо ҳич кишваре таомул нахоҳем кард".
Ин дар ҳолеаст, ки бо гузашти як сол аз рӯй кор омадани толибон ҳеҷ кишваре режими ин гурӯҳро ба расмияти нашинохта ва таҳримҳои байналмилалию қатъи кумакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ боис шуд, ки Афғонистони таҳти кантроли толибон бо бадтарин буҳрони иқтисодӣ мувоҷеҳ шавад.
Абдусалом Ҳанафӣ: Иҷоза намедиҳем, аз хоки Афғонистон алайҳи дигар кишварҳо истифода шавад
Амрико пас аз кушта шудани раҳбари “Алқоида”* дар Кобул эълом кард, ки гуфтугӯ бо толибон дар мавриди озод кардани захоири арзии Афғонистонро мутаваққиф кардааст.
Рӯзи панҷшанбе нишасти бузурге бо ширкати бузургони қабоил ва олимони динӣ дар Қандаҳор баргузор шуд.
Ин дуюмин нишасти бузург ба ҳимояти толибон аст, ки пас аз ба қудрат расидани ин гурӯҳ баргузор мешавад.
Дар ин нишаст ширкаткунандагон ҳамлаи паҳподии моҳи гузаштаи Амрико дар Кобулро, ки ба кушта шудани Айман Аззавоҳирӣ, раҳбари “Алқоида”* анҷомид, маҳкум карданд.
* - гурӯҳи террористиии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия