ДУШАНБЕ, 19 авг – Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар мулоқот бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ дар бораи таъсиси Академияи омӯзиши забони кореягӣ бо мақсади сафарбар намудани қувваи корӣ барои таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори меҳнати Корея ибрози андеша намуданд.
Таъкид шудааст, ки ба Кореяи Ҷанубӣ дар бахши саноати сабук, мошинсозӣ ва баҳамории қисмҳои эҳтиётии электромобилҳо ба қувваи корӣ ниёз дорад.
Ҳамчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки тарафҳо барои баимзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо Ширкати World Мobility Associaion ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Кореяи Ҷанубӣ, ки ба он намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқуллодаи тиббии Ҷумҳурии Корея, ширкатҳои Хизматрасонии кардиопулменарӣ, World mobility Associaion ва KOCECO шомил мебошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели 1992 барқарор карда шудаанд.
Тибқи иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 9 созишномаҳои байниҳукуматиро ташкил медиҳанд.