Зиёрати Шавкат Мирзиёев аз хонаи Худо - акс

Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар охирин рӯзи сафари расмиаш дар Арабистони Саудӣ эҳром дар тан ва дар ҳалқаи наздиконаш дар Каъба зоҳир шуда, ҳаҷҷи умра анҷом дод
Sputnik
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, дар доираи сафари расмиаш ба Арабистони Саудӣ аз шаҳри муқаддаси Макка боздид кард ва Ҳаҷҷи умра анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯбекистон.
Дар ҳамин ҳол, ҳайати Ӯзбекистон ва уламои дин барои сулҳу шукуфоии кишвар, хушбахтӣ ва беҳбудӣ дар Ӯзбекистон дуо карданд