Ҷонибдории кишварҳои СҲШ аз таҳияи феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ

Сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай тавсия медиҳад, ки рӯйхати ягонаи созмонҳои мамнуъ барои кишварҳои узв таҳия шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ба кишварҳои СҲШ тавсия дода мешавад, ки феҳристи ягонаи созмонҳои террористиро таъсис диҳанд.
Дар ин бора Артур Коновалов, муовини раиси сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти XVII-уми раисони Додгоҳҳои олии созмон дар Душанбе изҳор дошт.
"Сухан дар бораи ба мақсад мувофиқ будани рӯйхати ягонаи созмонҳои террористӣ барои кишварҳои узви СҲШ меравад", - гуфт Коновалов.
Вай ба унвони мисол аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* ёдовар шуд, ки дар ниҳоят ба ҳамла ба як анбори аслиҳа дар Душанбе ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 мунҷар шуд.
Баъдан, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо одамон ҳалок шуданд ва ҳизб ҳамчун ҳизби террористӣ эътироф карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон XVII-умин ҷаласаи раисони Додгоҳҳои олии кишварҳои узви СҲШ ифтитоҳ ёфт.
Дар чорабинӣ раисони додгоҳҳои олии Русия, Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат доранд.
Пешниҳоди Раҳмон: Феҳристи ягонаи созмонҳои мамнуъ тартиб шавад
Зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси Додгоҳи олии Федератсияи Русия Вячеслав Лебедев ба масъалаи мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ кард.
Ба гуфтаи вай, муколамаи намояндагони кишварҳои узви СҲШ дар низоми судӣ баланд ва бештар аз ҳарвақта тавриди таваҷҷуҳ аст.
Ёдовар мешавем, ки аввалин бор дар бораи таҳияи феҳристи созмонҳои террористӣ дар доираи СААД ва СҲШ президенти Тоҷикистон дар гузашта ва ахиран дар оғози соли ҷорӣ изҳор дошта буд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, аз зарурати чунин феҳрист дар пайи тағйир кардани қудрат дар Афғонистон ва фаъол гардидани созмони ҳои террористӣ қайд кард.
* Террористӣ эътироф ва дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.