Раиси Додгоҳи Олии Русия аз мубориза бо таҳдидҳо дар минтақаи Осиё сухан гуфт

Раиси Додгоҳи Олии Русия зимни суханронӣ дар нишасти раисони додгоҳҳои олии кишварҳои СҲШ дар Душанбе масъалаи мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳониро матраҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 август — Sputnik. Муколамаи намояндагони низоми додгоҳии кишварҳои узви СҲШ бештар аз ҳарвақта муҳимтар аст, гузориш медиҳад Агентии иттилооти ҳуқуқӣ ва судии Русия.
Дар ин бора Вячеслав Лебедев, раиси Додгоҳи Олии Русия дар нишасти XVII раисони додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тоҷикистон изҳор дошт.
Зимни суханронӣ дар ин ҷаласа Лебедев қайд кард, ки чунин ҳамоиш эҷоди заминаи рушди устувори ҳуқуқ дар минтақаи Осиё мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ҳамоҳангсозии тадбирҳо ба беҳбуди ҳамкориҳо бо ҳадафу вазифаҳои созмон мувофиқ аст.
"Дар шароити чолишҳои нави ҷаҳонӣ, принсипҳои бунёдии ҳуқуқӣ ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва муқовимат ба таҳдидҳо мувофиқат мекунанд", - қайд кард раиси Суди илии Федератсияи Русия.
Ба гуфтаи ӯ, муколамаи намояндагони кишварҳои узви СҲШ дар вақтҳои охир бештар талабот пайдо кардааст: эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни низоми судӣ минбаъд низ афзоиш хоҳад ёфт.
Вай ҳамчунин масоилеро аз қабили хушунати хонаводагӣ, вижагиҳои парвандаҳо алайҳи наврасон ва намояндагони тиҷорат матраҳ карда, дар бораи гуманизатсияи ҷаҳонӣ ва рушди рақамисозӣ суханронӣ кард.
Муаррифии намояндаҳои Тоҷикистон дар ҳамоиши занони СҲШ
Гуфта мешавад, ки қабл аз оғози вохӯрӣ Вячеслав Лебедев ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҳошия сӯҳбате доштаанд.
Раиси Додгоҳи Олии Федератсияи Русия ҳамчунин бо ҳамтои худ аз Эрон, муовини аввали раиси қувваи қазоия Муҳаммад Мусаддиқ дидору гуфтугӯ кардааст.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.