ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон 17-умин нишасти раисони додгоҳҳои олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ифтитоҳ шуд, гузориш медиҳад Агентии иттилооти ҳуқуқӣ ва судии Русия.
Ҷаласаи ҳабдаҳумин дар Душанбе оғоз шуда, онро раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ифтитоҳ намуд.
Ӯ дар суханронии худ ба намояндагони низоми судии кишварҳои узв барои ширкат дар ҷаласа изҳори сипос намуда, мақоми фаъолу густурдаи СҲШ-ро қайд кард.
"Роҳбарони кишварҳоямон ба фаъолияти мо баҳои баланд доданд. Мо мавқеъҳои худро мустаҳкам кардем. Ин далели возеҳи тақозо аст", - гуфт Шоҳиён.
Илова бар ин, ӯ мубодилаи таҷрибаи иштирокчиёни ҷаласа ва баррасии масоили мубрами ҳуқуқии дар ҷаласа пешбинишударо зикр намуд.
Ба ҷуз аз ҷаласаи умумӣ, баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи раҳбарони додгоҳҳои олӣ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки дар ин чорабинӣ Вячеслав Лебедев, раиси Додгоҳи олии Русия низ ширкат дорад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.