ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Ҳайати ҳукуматии Русия дар Душанбе масоили мубориза бо таҳдиди биологӣ дар ҳудуди ИДМ-ро дар пасманзари фаъолиятҳои биологии низомӣ дар Украина баррасӣ карданд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад.
"Дар мулоқот мубодилаи арзёбии таҳдидҳо ба амнияти биологӣ дар фазои ИДМ сурат гирифт. Таваҷҷуҳи хоса ба фаъолиятҳои биологии ҳарбӣ дар қаламрави Украина дода шуд", — омадааст иттилоияи ВУХ.
Ҷонибҳо ҳамчунин рафти иҷрои Ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ дар масоили таъмини амнияти биологиро баррасӣ карданд.
Таваҷҷӯҳ ҳамчунин ба самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои минбаъда, аз ҷумла тавассути ташаккули механизми машваратии мувофиқ равона гардидаст, изҳор дошт манбаъ.
Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ду кишвар ягонагии бархӯрдҳои Русия ва Тоҷикистонро дар масъалаи амнияти биологӣ таъйид карданд.
Зарурати ҳамоҳангсозии минбаъда ва ҳамкории созанда ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар заминаҳои бисёрҷониба, пеш аз ҳама дар доираи Конвенсияи манъи силоҳи биологӣ ва заҳрогин, СААД, ИДМ ва СҲШ қайд карда шуд, илова намуд ВУХ
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми август дар Душанбе машваратҳои Русияву Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини амнияти биологӣ дар шакли байниидоравӣ баргузор шуданд.