Ҳушдори ҳавошиносон аз 2 рӯзи селхез дар Тоҷикистон

Навоҳии кӯҳистонии Тоҷикистонро ҳавои бебориши тағйирёбанда фаро гирифта, хатари фаромадани селҳои пиряхӣ таҳдид мекунад, ҳушдор додаанд ҳавошиносон
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Рӯзҳои 17-18 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Манбаъ афзуд, ки дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар водиҳо шабона 18+20 дараҷа гарм, рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе низ бориш дар назар нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.