ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Фозил Тоҳиров, ҳуқуқшиноси маъруф ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар синни 83-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Вай дар даврони вазнини ҷанги дохилӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон дар Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум пас аз бемории тӯлонӣ олами фониро падруд гуфт.
“Тақрибан 10 соли қабл он кас ба сакта (инсулт) гирифтор шуда буданд ва солҳои ахир аз он ранҷ мебурданд”, - гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Фозил Тоҳиров соли 1939 дар шаҳри Конибодом тавваллуд ёфта, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) аз соли 1966 то 1995 дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои мухталиф кор кардааст. Вай солҳои 1990—1995, дар айни нооромиҳо ва ҷанги дохилии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд.
Ин охирин вазифаи ӯ дар донишгоҳ буд. Ӯ ба Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омад. Як муддат саркотиби илмӣ ва баъд директори Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳо, ҳамзамон раиси Ҷамъияти “Дониш”-и Тоҷикистон буд.
Вай унвони Арбоби илму техника ва аз соли 2008 узви пайвастаи Академияи илмҳо, ҳамчунин профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва муаллифи ҳудуди 150 мақолаву асари илмӣ мебошад.