Айби кӯҳҳо? Коршинос сабаби сустии интернет дар Тоҷикистонро гуфт

Суръату сифати интернет дар Тоҷикистон бо қобилияти пардохтпазирии мизоҷ вобаста буда, метавонад моҳона аз 10 то 150 доллари амрикоӣ арзиш дошт бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Интернети сусттару гаронтар аз ҳамсояҳо дар Тоҷикистон ба минтақаи куҳӣ будани кишвар рабт дорад.
Ин нуктаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, Ғафурҷон Иркаев, раиси Ассотсиатсияи фароҳамкунандаҳои алоқаи мобилии ҷумҳурӣ баён дошт.
"Кишвар дар бунбаст қарор дорад, барои ин дар мо мушкил аст. Ҳудуди 97%-и кишварро куҳсор ташкил медиҳад. Ин як соҳаи калон аст, ки хадамоти мазкурро фароҳам мекунад", - изҳор дошт ӯ.
Дар зимн зикр намуд, ки Қирғизистон ахиран дар як радабандии суръати интернет яке аз ҷойҳои аввалро ишғол намудаст.
Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ қаблан Тоҷикистон аввалин шуда дар қаламрави ИДМ хадамоти насли 3 ва 4 - 3G ва 4G-ро роҳандозӣ кард.
Иркаев афзуд, ин ба далели ҳузури ширкатҳои калоне ба монандаи ZTE ва Huawei имконпазир шуда буд ва ҳамчунин 8 ширкати фароҳамкунандаи алоқаи мобилӣ фаъолият доштанд, ки аз ин меъёрҳо истифода мекарданд.
"Андоз аз Google" ба Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?
,Вай дар мавриди нияти роҳандозии хадамоти насли 5-ум изҳор дошт, ки ин меъёр аллакай дар Тоҷикистон озмоиш шудаст, чун шабакаҳои сохташуда дар кишвар ба он ҷавобгӯй мебошанд.
Дар мавриди нарх таъкид кард, ки вобаста ба талаботи мизоҷ аз 10 то 150 доллари амрикоӣ пардохт мекунанд. Вобаста ба нарх мизоҷ метавонад, барои таҳсил, тафреҳ ва дигар аҳдоф интернети мувофиқ дастрас намояд, афзуд ӯ.