ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Овозхони рус Jony дар чаҳорчӯби консерти дувуми "MegaFon Life Fest-2022" вориди Душанбе мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.
Фестивали бузурги шаҳрӣ 24 сентябр дар ипподром "Наврӯзгоҳ" баргузор мешавад.
Дар ин чорабинӣ дар қатори ҳунармандони маъруфи тоҷик Jony, овозхони поп ҳунарнамоӣ мекунад.
Чорабинӣ соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешавад. Нархи билет 200 сомонӣ буда, кӯдакони то 7-сола метавонанд ба консерт ройгон ворид шаванд.
Илова бар ин, дар чорабинӣ на танҳо мусиқӣ, балки муошират бо роботҳо ва дигар технологияҳои муосир дар соҳаи интернет, инчунин озмунҳо ва тӯҳфаҳо пешбинӣ шудааст.
Мухлисони машқҳои берунӣ метавонанд футбол бозӣ кунанд ва ҳатто дар батли рақс сабқатҳо ороянд.
Инчунин барои кӯдакон барномаи алоҳида вуҷуд дорад. Онҳо ҳунарнамоии сиркбозонро тамошо карда, аспсаворӣ хоҳанд кард. Чорабиниҳо аз соати 11 то 23 рӯз давом мекунад.
Қобили зикр аст, ки нахустин ҷашнвораи мушобеҳ дар Душанбе дар моҳи октябри соли 2021 ҳудуди 20 ҳазор меҳмонро гирдиҳам овард, ки он замон репсарои рус Баста ва овозхон Ҷаҳ Халиб ба Тоҷикистон омада буданд.
Ёдовар мешавем, ки овозхони рус JONY (Ҷоҳид Афраил оғлу Ҳусейнли), аслан аз Озарбойҷон буда, барандаи мавсими дуввуми шоуи "Маска" дар шабакаи НТВ дар соли 2021 мебошад.