Сафири Русия дар Кобул: Толибон воқеиятест, ки наметавон онро инкор кард

Сафири Русия дар Кобул ахиран дар бораи лузуми ҳамкорӣ бо толибон суҳбат ва қайд кард, ки акнун толибон воқеиятест, ки наметавон онро инкор кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Кобул дар мусоҳиба бо Sputnik дар мавриди усули ҳамкорӣ бо толибон суҳбат кард.
Раиси ҳайати дипломатии Русия дар Кобул хотирнишон кард, ки толибон воқеиятеаст, ки наметавон аз он инкор кард, бинобар ин мо бояд дар ҷое, ки бо манофеи мо созгораст ва дар ҷое, ки барои ҳали вазифаҳои пеш рӯй Русия лозимаст, бо онҳо кор кунем.
Вай ба вижа хотирнишон кард, ахиран музокирот миёни ҳайати аз вазорати санъату тиҷорати Афғонистон, ки аз сӯйи ҳукумати толибон шуракои русӣ эъзом шудаанд, дар Маскав оғоз хоҳад шуд.
Ғанӣ ба иттиҳомоти "дуздӣ"-и миллионҳо доллар аз Афғонистон посух дод
Ёдоварӣ мекунем, ки ҳайати вазорати санъату тиҷорати гуруҳи толибони ахиран вориди Маскав шуд.
Як ҳайати тиҷории фиристодашуда аз сӯйи давлати толибон музокиротро бо ҳамтоёни рӯсӣ дар Маскав оғоз хоҳад кард.
Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар мавриди сафари ин ҳайат гуфтааст, ки тарафи Афғонистон қасд дорад дар бораи арзаи равған, ғаллот ва равғани гули офтобпараст гуфтугӯ кунад.
Як манба дар Маскав гуфт, ки ин музокирот то чаҳоршанбе барномарезӣ шудааст ва аз ҷумла дар вазорати кишоварзӣ ва вазорати энержии Русия баргузор хоҳад шуд.