Имзои 23 созишномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Хатлон ва Сурхандарё

Дар доираи Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон 23 созишномаи ҳамкории нав ба имзо расидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар шаҳри Норак дар доираи Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Хатлон.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Норак Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Узбекистон баргузор гардид.
Имзои созишнома миёни вилояти Хатлон ва Сурхандарё
Дар форуми мазкур Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок доштанд.
“Дар Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё миёни мақомот ва соҳибкорони ҳарду вилоят 23 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид”, - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамзамон мақомоти Хатлон қайд кардааст, ки миёни Хатлону Сурхандарё аз ҷумла Харитаи роҳ, ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, 6 шартнома барои молу маҳсулот ба маблағи 26,6 миллион доллар ба имзо расонида шуданд.
Мақомоти вилояти Хатлон зикр кардааст, имзои ин созишномаҳои нав ба пешрафти ду вилоят мусоидат хоҳад кард.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар охири форуми мазкур ба хотири равнақи дӯстию рафоқат туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.