Ғанӣ ба иттиҳомоти "дуздӣ"-и миллионҳо доллар аз Афғонистон посух дод

Пас аз як сол раисҷумҳури собиқи Афғонистон ба иттиҳомоти гирифтани маблағи калон посух дод ва гуфт, ки чаро ин қадар саросемавор тарки кишвар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки ӯ моҳи августи соли 2021 бидуни пул кишварро тарк кардааст, хабар медиҳад CNN.
Вай ҳама хабарҳо дар бораи бо пули калон фирор карданашро рад кард ва ёдовар шуд, ки Кобулро тарк кардааст, то ӯро толибон таҳқир накунанд.
Ин кор ба хотири он сурат гирифт, ки толибон натавонанд раисҷумҳури собиқро ба имзои санаде маҷбур кунанд, ки ҳукумати навро қонунӣ кунад.

"Сабаби рафтани ман ин буд, ки ман намехостам ба толибон ва ҷонибдорони онҳо лаззати бори дигар таҳқир кардани раисҷумҳури Афғонистон ва маҷбур кардани ӯ ба имзои санад дар бораи қонунияти ҳукуматро диҳам", - гуфт Ғанӣ.

Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, аз тарси интиқом давлатро тарк накардааст ва қайд кардааст, ки "ҳеҷ гоҳ натарсидааст".
Ба гуфтаи раҳбари пешини Афғонистон, дар аввал ӯ қасди тарки ҷумҳурӣ надошт.
Дар ҳамин ҳо, қаблан Пираз Ато Шарифӣ, раиси собиқи амнияти раисҷумҳури фирорӣ гуфта буд, дар даст далел дорад, ки бо миллионҳо доллар рафтани раиси собиқи Афғонистонро тасдиқ мекунад.
Дӯстум: Моро гурӯҳи толибон шикаст надод, Ғанӣ паймоншиканӣ кард
Гуфта мешавад, вай дар ихтиёри худ видеоҳои дурбинҳои қасри президентро дорад, ки тасдиқ мекунанд, Ғанӣ бо садҳо миллион доллар ин кишварро тарк кардааст.
Ёдовар мешавем, 15 августи соли 2021 толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон пурзӯр карда, вориди Кобул шуданд ва дар ниҳоят Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд.
Ашраф Ғанӣ, ки раҳбарии ин кишварро ба зимма дошт, бидуни ҷанг, саросемавор тарки кишвар кард ва пас аз фирораш бинобар ногаҳонӣ тарк кардани кишвараш мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифт.