Ағбар: Афғонистон зери ҳукумати толибон ба паноҳгоҳи террористон табдил ёфтааст

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон дар нишасте, қайд кард, ки баъди омадани толибон вазъи амниятӣ дар кишвараш комилан хароб шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҳукумати толибон эътироф нашудааст, бар он аст, ки пас аз ба қудрат расидани толибон,кишвараш ба паноҳгоҳи тамоми террористони байналмилалӣ табдил ёфтааст.
"Ҳоло мушкил дар он аст, ки Афғонистон ба як паноҳгоҳи ҳама террористҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки дар он ҷо худро осуда эҳсос мекунанд", - гуфт сафир.
Ғанӣ ба иттиҳомоти "дуздӣ"-и миллионҳо доллар аз Афғонистон посух дод
Оқои Ағбар ҳамчунин гуфт, ки пас аз як соли ба сари қудрат расидани толибон, "аз Афғонистон ба ҷуз таҳдид, саркӯб ва поксозии қавмӣ чизе боқӣ намондааст."
“Мактабхо бастаанд, ба занон хондан манъ аст, бисьёр беморхонахо кор намекунанд, одамон аз гуруснагӣ кудаконро мефурӯшанд, тамоми гурӯҳҳои одамон бе ҳукми додгоҳ кушта мешаванд”, - илова кард Муҳаммадзоҳир Ағбар.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти ҳукумати феълии Афғонистон изҳор карда буданд, ки сафири таъйиншудаи мақомоти собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон дигар манфиатҳои ин кишварро ифода намекунад ва изҳороти ӯ ба равобити Афғонистону Тоҷикистон таъсир намерасонад.