ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. Дар ҳамлаи паҳподии Покистон ба вилояти Кунар дар шарқи Афғонистон як фармондеҳи аршади гурӯҳи Таҳрики Толибон ба ҳамроҳи хонаводааш кушта шудааст, иттилоъ додааст хабргузории Садои Хуросон.
Манбаъ дар истинод ба манобеи маҳаллӣ хабар додааст, ки ин ҳамла рӯзи гузашта дар рӯстои Дҳавзи шаҳристони Ватапур анҷом ёфтааст.
Ҳувияти фармондеҳи кушташудаи Толибони покистонӣ то ҳануз ифшо нашудааст. Қайд карда шудааст, ки мақомоти маҳаллии Толибон дар Кунар низ ҳануз дар мавриди ин ҳамла паҳподӣ чизе нагуфтаанд.
Ёдовар мешавем, чанде пеш толибони Покистон дар пайи кушта шудани як фармондеҳи ин гурӯҳ эълом карданд, ки амалиёташоно алайҳи артиши Покистон, дар манотиқи марзӣ аз сар мегиранд.
Толибони Покистон бо интишори баёнияе ҳушдор доданд, дар саросари минтақаи марзӣ бо Афғонистон "аморати исломӣ " эҷод хоҳад кард.
Таҳрики толибони Покистон дар ҳоле аз оғози муҷаддади амалиёташ алайҳи артиши Покистон хабар медиҳад, ки раҳбарони ин гурӯҳ дар моҳҳои ахир дар Кобул ба сар мебурданд.
Бар асоси гузоришҳо, толибони Афғонистон ба вижаи шабакаи Ҳаққонӣ талош карданд, ки миёни таҳрики толибони Покистон ва ҳукумати Покистон сулҳ барқарор кунанд.