ВУД аз коҳиш ёфтани ҳолатҳои манъи вуруди муҳоҷирон ба Русия хабар дод

Дар панҷ соли охир тамоюли коҳишёбии ҳолатҳои манъи вуруди шаҳрвандони хориҷӣ мушоҳида мешавад: дар ин давра ин маворид тақрибан 40% коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон Вазорати умури дохилии Русия беш аз 80 ҳазор муҳоҷирро аз ҳаққи ворид шудан ба қаламрави ин кишвар маҳрум намуд.
Ин маълумот дар омори раёсати сиёсати муҳоҷират барои моҳҳои январ-июн зикр шудааст.
"Дар моҳҳои январ-июни соли 2022, 80 273 ариза дар бораи иҷозат надодан ба вуруд ба Федератсияи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд фиристода шудааст", - омадааст хабарнома.
Ин нишондод дар панҷ соли охир пасттарин буд. Зеро, дар ҳамин давраи соли 2021, 98 ҳазор муҳоҷир, соли 2020 – қариб 111 ҳазор, соли 2019 – беш аз 135 ҳазор ва соли 2018 – беш аз 145 ҳазор муҳоҷир аз ҳуқуқи омадан ба Русия маҳрум буданд.
Манъи вуруди беш аз 50 ҳазор муҳоҷир ба Русия
Вазорати умури дохилӣ сабаби мамнӯъияти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русияро аксаран нақзи шароити будубоши муваққатӣ ва фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ арзёбӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки маълумоти қаблӣ дар бораи надодани иҷозаи вуруд ба Федератсияи Русия моҳи апрел нашр шуда буд. Сипас, дар тӯли се моҳ, он қариб 60 000 муҳоҷирро фаро гирифт.