Ҳамеша дар дил: дар Москва ба хотири "Пахтакор" бозии футбол баргузор шуд - акс

Фаъолони ӯзбекистонӣ бо кумаки Вазорати корҳои хориҷии Русия, ИФР ва АБТО дар ҳошияи ИДМБМ ба ифтихори 43-юмин солгарди фоҷиа мусобиқаи рамзӣ баргузор карданд
Sputnik
1 / 14

Яке аз бадтарин фалокат дар авиатсияи шӯравӣ 11 августи соли 1979 руй дод.

2 / 14

Дар осмони Днепродзержинск ду ҳавопаймои мусофирбар ба ҳам бархӯрд.

3 / 14

Дар натиҷа 178 нафар, аз ҷумла 17 нафар аъзои бошгоҳи футболи “Пахтакор”-и Ӯзбекистон ба ҳалокат расиданд.

4 / 14

Ин фоҷиаи мудҳим тамоми ҷаҳон ва одамони шӯравиро ба ҳаяҷон овард.

5 / 14

Шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Иттифоқи Шӯравӣ аз талафоти бузург сахт андӯҳгин шуданд.

6 / 14

Миллионҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон тими "Пахтакор"-ро самимона дӯст медоштанд ва бозии ин дастаро бо шавқ интизорӣ мекашиданд.

7 / 14

Ба андешаи бисёриҳо, он беҳтарин даста дар таърихи мавҷудияти бошгоҳи Тошканд буд, ки миллионҳо мухлис доштанд.

8 / 14

Чорабинии ёдбуд рамзи маънавии эҳтиром ба футболбозони фавтида ва ҳамаи қурбониёни суқути ҳавопаймо гардад.

9 / 14

Дарди талафот мардуми Русия ва Ӯзбекистонро дар баробари фоҷиа боз ҳам муттаҳид кард.

10 / 14

Созмондиҳандагон бар ин назаранд, ки мардуми кишварҳои гуногун бояд онҳоеро, ки бар асари ҳодисаи нохуш фавтидаанд, ёд кунанд.

11 / 14

Муҳим он аст, ки насли нави мардум низ воқеаҳои гузаштаро донанд ва ба ёд оранд.

12 / 14

Дар чорабинӣ на танҳо насли калонсол, балки фарзандони онҳо низ ширкат доштанд.

13 / 14

Акси гурӯҳӣ пас аз анҷоми бозӣ

14 / 14

Сарфи назар аз хусусияти рамзии бозӣ, мукофотҳо комилан воқеӣ буданд.