Хушксолии ғайримуқаррарӣ дар Аврупо

Хушксолие, ки чандин аср боз набуд, ҳоло ҳосилро дар Олмон, Фаронса, Италия, Швейтсария ва Испания ба суръати тез нобуд мекунад
Sputnik
1 / 12

Рӯди Бингени Олмон пас аз хушксолии тӯлонӣ

2 / 12

Ин акс анборҳои харобшудаи фермаи Euston Estate-ро дар Эстон нишон медиҳад.

3 / 12

Мардум дар соҳили дарёи Ваал сайру гашт мекунанд, зеро сатҳи об бар асари хушксолӣ дар Ҳолланд коҳиш ёфтааст

4 / 12

Паранда дар кӯли Веленс дар Маҷористон об меҷӯяд. Мувофиқи маълумоти Сарраёсати идоракунии об (OVF), сатҳи об дар кӯли Веленс, як кӯли машҳури сайёҳӣ дар наздикии Будапешт дар сатҳи пасттарин қарор дорад

5 / 12

Манзараи нимҷазираи Сирмионе, дар кӯли Гардаи Италия. Сатҳи оби кӯли Гарда дар пайи хушксолии шадид ба таври ҷиддӣ коҳиш ёфт, ки дар натиҷа сангҳо дар атрофи нимҷазираи Сирмионе намудор мешаванд

6 / 12

Растаниҳои хушк роҳи пиёдагардро қад-қади соҳили дарёи Тагус дар Португалия иҳота мекунанд

7 / 12

Пиёдагардон дар канори дарёи хушкшудаи "Ла Савуреуз" дар Белфори шарқи Фаронса сайру гашт мекунанд. Фаронса низ бар асари гармои рекордӣ дучори хушксолии шадид шуд

8 / 12

Дар Сербистон низ кӯли Конопля майли хушкшавиро дорад. Норасоии об боиси коҳиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқ дар Сербистон гардидааст

9 / 12

Дарахти ангур дар Фаронса аз беобӣ хушк шудааст

10 / 12

Дар ҷазираи Маргарет бинобар коҳиш ёфтани сотҳи дарёи Дунай мардум дар соҳили он аксбардорӣ мекунанд. Сатҳи оби ин рӯд дар се ҳафта якуним метр поин рафт

11 / 12

Дар Руминия низ хушксолӣ сар задааст. Гӯсфандон дар замини хушку беалаф қарор доранд

12 / 12

Хушксоли шадид Британияро низ дар канор намондааст