ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ҳамоиши занони СҲШ, тавре ки қаблан интизор мерафт, дар Самарқанд не, балки дар Тошканд баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Сенати Ӯзбекистон.
Ин чорабинӣ 19 август баргузор мешавад.
Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш мавзӯъҳо аз қабили баробарии гендерӣ ва ҳамчунин тавонмандии занон дар фазои созмон баррасӣ шаванд.
Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар самтҳои муҳимтарини ҳадафҳои рушди устувор ва табодули таҷриба баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири моҳи июл дар бораи баргузории он аз 18 то 19 август дар Самарқанд хабар дода шуда буд, зеро Ӯзбекистон феълан раёсати ин созмонро бар уҳда дорад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.