ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Гармии ҳавои рӯзона боиси об шудани барф дар қуллаҳои кӯҳҳоии ВМКБ гардид, боиси баста шудани роҳи мошингард гардид.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, обшавии барф боиси баланд шудани сатҳи дарёи Бартанги дар ҳудуди деҳаи Савноби ҷамоати деҳоти Савноб гардид.
"Тақрибан соати 22:00 об аз соҳилҳои дарё баромада, сел ба амал омад, ки боиси баста шудани роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар километри 156-ум, ки аз ҳудуди деҳаи Савноб мегузарад, гардид", - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба ҷойи ҳодиса кормандони хадамоти роҳ ва техникаи махсус сафарбар карда шуданд.
Роҳ муваққатан баста буда, корҳои тозакунӣ дар ин минтақа идома дорад.
КҲФ мегӯяд, ҳодисаи мазкур дар пай қурбонӣ надошт.
Омадани сел дар ноҳияи Рӯшон дар ҳолест, ки ин ниҳод бо такя ба маълумоти Оҷонсии ҳавошиносӣ қаблан хабар дод, ки дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳи кишвар омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст.
Ба иттилои манбаъ, ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ҳавосанҷон мегӯяд, хатари омадани сел дар пайи ҳавои гарм то рӯзи 14 август боқӣ мемонад.