ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба кӯдакону наврасони литсейи махсуси касбии техникии шаҳри Душанбе кумаки башардӯстона расониданд.
Низомиён ба муроҷиати директори муассисаи таълимй Юсуфалӣ Рахматов барои кумаки моддӣ ба тарбиягирандагони мактаб-интернат саривақт посух доданд.
Ҳамин тариқ ба тарбиятгирандагон бештар аз ду тонна маҳсулот, аз ҷумла сабзавоти тару тоза, ярма, гушт, шир, макарон, орд, қанд, равған ва ғайра дода шуд.
Маъмурияти муассисаи иҷтимоӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ изҳори сипос намуда, онҳоро ба маҳалли иқомату таълими тарбиятгирандагон ошно кардаанд.
Ба онҳо шароити зисту зиндагонии хонандагон, ошхона, синфхона, китобхона ва нуқтаи тиббй нишон дода шуд.
Қобили зикр аст, ки аз аввали сол аз ҷониби пойгоҳи 201-уми Русия ба кӯдакони ятим ва шаҳрвандоне, ки дар шароити вазнини зиндагӣ қарор доранд, зиёда аз 15 тонна маводи ғизоӣ, инчунин ашёи зарурӣ интиқол дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи махсуси касбии техникии шаҳри Душанбе" аз соли 1947 дар пойтахт фаъолият дошта, ягона муассисаи махсус дар ҷумҳурӣ мебошад, ки дар он кӯдакони ятим ва кӯдакони оилаҳои ниммаятим ва камбизоат дар риштаҳои гуногун таълим мегиранду касбу ҳунар меомӯзанд.