Ӯзбекистон тариқи Тоҷикистон хатсайри автобус роҳандозӣ мекунад: ба кӣ дастрас аст

Ба зудӣ аз қаламрави Тоҷикистон як автобус миёни шаҳрҳои Гулистон ва Қӯқанди Узбакистон убур хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ӯзбекистон ба зудӣ хатсайри автобусҳоро миёни Гулистон ва Қӯқанд тавассути Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад, хабар медиҳад Podrobno.uz.
Дар роҳ автобусҳо тавассути постгоҳҳои гумрукии сарҳадии "Ховсобод" ва "Андархон" мегузаранд.
Аммо як тавзеҳи муҳиме ҳаст, ки автобусҳо дар қаламрави Тоҷикистон мусофиронро намефароранд ва ҳам намегиранд.
Дар ҳамин ҳол, ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд аз ин хатсайр истифода кунанд, бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд.
Азми роҳандозии тури сайёҳӣ аз тариқи қатор миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Қарор аст, ҳаракат дар хатсайри нав дар як рӯз як маротиба аз ду ҷониб анҷом дода шавад.
Дарозии масири ҳаракат қариб 265 километр хоҳад буд.
Дар мавриди нархи роҳкиро, тахминан 50 000 сӯм (тақрибан 5 доллар) дар назар аст.
Қаблан маълум шуд, ки мақомоти Ӯзбеистон ба ифтитоҳи хатсайри мустақим байни Бухоро ва Душанбе таваҷҷуҳ доранд.
Мақомот боварӣ доранд, ки иртиботи иловагии ҳавоӣ бо шаҳрҳои нав ба рушди сайёҳӣ мусоидат мекунад.