Тоҷикистон дар Ҳамоиши иқтисодии СҲШ дар Тошканд ширкат мекунад

Кишварҳои СҲШ иқтисодиёти рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои "сабз" ва ҳамчунин ҳамкориҳои минтақаҳо дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар ҳамоиши иқтисодии СҲШ ширкат мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон.
Ин дуввумин чунин ҳамоиш буда, миёнаҳои моҳи август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
"Дар Тошканд 16-17 августи соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай Форуми II иқтисодӣ баргузор мешавад", — омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи иштирокчиён иқтисоди рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои "сабз", ҳамкориҳои минтақаҳо дар соҳаҳои гуногун ва дигар мавзӯъҳои дахлдорро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар доираи форум ҳамчунин ҷаласаҳои панелӣ, вохӯриҳои дуҷониба ва гуфтушунидҳои корӣ дар назар аст.
Ҳайатҳои кишварҳои СҲШ ҳамкориҳои минбаъдаи сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои саноатиро баррасӣ хоҳанд кард.
СҲШ бузург мешавад: талоши 10 кишвари дигар барои пайвастан ба ин созмон
Ёдовар мешавем, ки нахустин чунин ҳамоиш моҳи июни соли 2021 дар Душанбе баргузор шуда буд.
Форуми иқтисодии Созмони ҳамкориҳои Шанхай як платформаи муассир барои муколамаи байниҳукуматӣ ва ҳамкории намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, корхонаҳо ва сармоягузорон мебошад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Иштирокчиёни доимии он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус (расман барои шомил шудан ба СҲШ ба ҳайси узви комилҳуқуқ муроҷиат кардаанд) мебошанд.
Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Илова бар ин, тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шудааст.