Тавофуқи Анқара ва Маскав бар сари хариди нафти Русия бо рубл

Туркия имкони пардохти як қисми транзити газ бо лираро баррасӣ мекунад. Дар ин кишвар гуфтанд, ки ба таҳримоти зидди Русия ҳамроҳ нахоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Анқара ва Маскав дар мавриди харидории гази Русия бо рубл ба созиш расидаанд, гуфтааст, Фотеҳ Донмуз, вазири энержӣ ва манобеъи табиии Туркия,
Номбурда гуфтааст, ки ҷадвал ва нархҳо дар рӯзҳои наздик комилан мушаххас хоҳанд шуд.
"Раҳбарон ба тавофуқи усулӣ расиданд. Ҳоло мо имкони пардохти бахше аз транзити газ бо лираи туркро баррасӣ мекунем. Рӯзҳои наздик замон, нархҳо ва тамоми раванд мушаххас хоҳад шуд", - таъкид кардааст мавсуф.
Ӯ ҳамзамон таъкид кардааст, ки Туркия ба таҳримҳои зидди Русия дар бахши энержӣ ҳамроҳ нахоҳад шуд, Анқара бо Маскав барои интиқоли газ шартнома дорад.
Мавзӯи қисман пардохт кардани манобеи энержии Русия ба Туркия ахиран зимни мулоқоти руасои ҷумҳури ин кишварҳо матраҳ шуд.
Музокироти Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон ахиран дар Сочи баргузор шуд.
Аз ҷумла, раҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки интиқоли гази Русия ба Туркия қисман бо рубл пардохта шавад ва ҳамчунин масъалаи истифодаи корти "Мир" дар Туркия баррасӣ шуд.
Ғарб пирӯзии Русияро дар бахши манобеи энержӣ эътироф кард
Зимни ин мулоқот ҷонибҳо аз афзоши босуръати тиҷорат гуфта, таъкид карданд, ки он дар соли 2021 беш аз 57% ва дар моҳҳои аввали соли ҷорӣ ду баробар зиёд шудааст.
Владимир Путин ҳамчунин ба аҳамияти "Маҷрои туркӣ", ки дар авоили соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, таъкид карда гуфт, ки он яке аз шоҳроҳҳои аслии интиқоли гази Русия на танҳо ба Туркия, балки ба кишварҳои аврупоӣ аст
Президенти Русия таъкид кард, ки шарикони аврупоӣ бояд аз Туркия миннатдор бошанд.