Русия ба Агентии омори Тоҷикистон кумаки фаннӣ расонд

Люди на празднике. Архивное фото
Тоҷикистон барои таҳлили маводҳо баҳри барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҷумҳурӣ кумаки техникии зарурӣ дарёфт кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Сандуқи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯби тарҳе, ки аз сӯи Русия маблағгузорӣ мешавад, ба Ожонси омори Тоҷикистон кумак кардааст.
Дар ин бора аз сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамин тариқ, дар хариди нармафзори иҷозатномадор барои коркарди маълумот дастгирии техникӣ расонида шуд.
Барномащое, ки тарици кумак ба ҷониби Тоҷикистон дода шуд чунин аст: ABBY FINE READER, MS Windows ва MS SQL.
Работа реабилитационного центра для детей, архивное фото
Кӯдакони тоҷик ба як форуми муҳими фарҳангӣ ба Маскав мераванд
"Дар чаҳорчӯби тарҳи "Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон", ки аз ҷониби ҳукумати Русия маблағгузорӣ мешавад, Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) ба Ожонси омор кумаки фаннӣ расонд", - омадааст дар хабар.
Барномаҳои нав барои коркарди маводҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.
Намояндагии дипломатӣ қайд кард, ки Федератсияи Русия шарики стратегии Тоҷикистон дар самти мусоидат ба рушди дарозмуддати кишвар мебошад.