Раҳимуллоҳ Ҳаққонӣ, мубаллиғи интиҳор кушта шуд

Яке аз ҳомиёну мубаллиғони матраҳ ва узви аршади толибон дар мадрсааш дар шаҳри Кобули Афғонистон тайи як инфиҷор кушта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Раҳимуллоҳ Ҳаққонӣ, яке аз ҳомиёну мубаллиғони толибон дар натиҷаи як инфиҷор дар мадрсааш дар пойтахти Афғонистон кушта шудааст, хабар додааст Sputnik Афғонистон бо истинод ба расонаҳои маҳаллии ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, Дорулулуми Зубайрияи Покистон ҷоест, ки ҳазорон ҷангҷӯи толибон пас аз фарогирии "омӯзаҳои динӣ" дар он дар ҳукумати толибон дар Афғонистон, дар бахшҳои калидӣ истихдом мешаванд.
Манобеъ мегӯянд, дар ҷараёни ҳамлаи интиҳорӣ бар Раҳимуллоҳ Ҳаққонӣ даҳҳо тан аз толибони покистонӣ низ дар ин мадраса ҳузур доштанд, ки дар натиҷаи ин ҳамла теъдоде аз ин ҷангҷӯён куштаву захмӣ шудаанд.
Дар маҷмуъ хостгоҳи толибони ҳоким дар Афғонистонро мадориси Покистон медонанд ва ағлаби коршиносони ин кишвар борҳо таъкид кардаанд, ки Исломобод то ҳанӯз болои ин гурӯҳ таъсир дорад.
Кушта шудани ин мубаллиғи аршади толиб дар Афғонистон дар ҳолест, ки чанд пас ҳукумати ин гурӯҳ дар Афғонистон яксола мешавад.