Ҳушдор аз ҳавои номусоду хатари селфароӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор эълон карда шуд: боришоти маҳаллӣ ва раъду барқ ​​мефарояд, дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ боиси омадани сел мегардад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 август — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 12 то 14 август дар манотиқи кӯҳистонӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ омадани сели хусусияти маҳаллӣ ва пиряхӣ имконпазир аст.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар дода гуфтааст, ки ин пешгӯӣ ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.
Ба гуфтаи ҳавошиносон, аз 10 август дар минтақаҳо ҳавои ноустувор мушоҳида мешавад, ки он идома хоҳад кард.
Илова бар ин, тибқи пешгӯиҳо, дар маҳалҳо боридани борони шадид дар назар аст.
Дар доманакуҳҳо ва навоҳии куҳии ҷумуҳурӣ омадани селҳои имконпазир аст.
Хисороти зерсохтҳои ҳамлу нақл аз офатҳои табиӣ
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар аз сокинон ва меҳмонони кишвар даъват кардааст, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва аз қабл чораву тадбирҳо андешанд, то селҳо натавонанд ба манзилҳои истиқомативу заминҳои кишвташон зарар расонанд.
Дар мавриди ҳарорати ҳаво бошад, тайи ин рӯзҳо он дар кишвар аз 19-22 ва рӯзона то 36-40 дараҷа гарм мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан дар пайи чунин зуҳурот дар деҳаи Пилдони ҷамоати деҳоти Пилдони миёнаи ноҳияи Лахш ба замини наздиҳавлигии сокинон зарар расонда, ҳамчунин 300 метр роҳро тахриб кард.