ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Афғонистониҳо дар як соли ахир қурбони зулми толибон ва бетафовутии ҷаҳон шудаанд.
Дар ин бора дар гузориши созмони Дидбони ҳуқуқи башар зери унвони "Соли фалокатбори ҳукмронии Толибон", ки дар остонаи солгарди ҳукмронии ин гуруҳ нашр шуд, гуфта мешавад, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Дар ин гузориш, ки имрӯз 11 август нашр шуд, омадааст, ки толибон аз замони тасарруфи Афғонистон тааҳҳудоти худ дар заминаи ҳуқуқи башарро нақз кардаанд.
Тибқи гузориши ин созмон, пас аз тасарруфи Кобул дар 15 августи соли 2021, мақомоти толибон дар баробари қонуншиканиҳои дигар дар ҳаққи занону духтарон маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ карданд, расонаҳоро саркӯб ва мунаққидону мухолифонашонро бидуни қаду шарте шиканҷаву эъдом карданд.
Дар ин гузориш омадааст, ки аз замони тасарруфи толибон дар Афғонистон, 90 дарсади шаҳрвандони ин кишвар аз камбуди ғизо ранҷ мекашанд ва миллионҳо кӯдак аз камғизоӣ азоб доранд.
"Мардуми Афғонистон дар як даҳшати ҳуқуқи башар, қурбониёни зулми толибон ва бепарвоии байнулмилалӣ ба сар мебаранд. То он даме, ки ҳукуматҳои хориҷӣ бо мақомоти толибон фаъолтар ҳамкорӣ накунанд, ояндаи Афғонистон торик боқӣ мемонад", - мегӯяд, Фаришта Аббосӣ, пажӯҳишгари Афғонистон дар Созмони Дидбони ҳуқуқи башар.
Ӯ гуфтааст, ки ин гуруҳ билофосила тасмими бераҳмона ва бадхоҳонаи худро барои мамнӯъияти духтарон ва занон аз таҳсил бозпас бигиранд.
Мавсуф аз кишварҳои хориҷӣ даъват кардааст, ки дар робита ба амалҳои ҳуқуқи инсонашон ба ин гуруҳ фишор оваранд.
Ин созмон меафзояд, аз замони ба даст овардани қудрат толибон қонунҳоеро ба тасвиб расонданд, ки ба таври ҳамаҷониба аз иҷрои ҳуқуқи занону духтарон, аз ҷумла ҳуқуқи озодии баён, сафар ва таҳсил монеъ мешаванд.
Ба гуфтаи гузоришгарони ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар, қонунҳои толибон ба дигар ҳуқуқҳои асосии занон дар бахшҳои дигари зиндагӣ, аз ҷумла таъмини рӯзгор, ҳифзи саломатӣ ва дастрасӣ ба ғизо низ дахл доранд.
Дар гузориш омадааст, ки "корномаи ваҳшатноки ҳуқуқи башар"-и толибон ва худдории онҳо аз иртибот бо созмонҳои байналмилалии молӣ Афғонистонро дар инзиво қарор додааст.
Ин созмон аз толибон даъват мекунад, ки нақзи ҳуқуқи башарро коҳиш диҳад ва поймолкунандагони ҳуқуқи башарро ба ҷавобгарӣ кашад.
Ҳамчунин аз ҳукуматҳои хориҷӣ хоста шудааст, то маҳдудиятҳоро дар бахши бонкӣ дар Афғонистон ба манзури мусоидат ба фаъолиятҳои қонунии иқтисодӣ ва кумакҳои башардӯстона коҳиш диҳанд.
Толибон то ҳол ба ин гузориши Созмони Дидбони ҳуқуқи башар вокуниш нишон надодаанд. Аммо дар гузашта онҳо ҳамеша чунин хабарҳоро рад мекарданд.