ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Ҳосили пасти соли 2021 яке аз сабабҳои ҳосили хуби ин мавсим буд, навиштааст пойгоҳи хабарии EastFruit.
Аммо шароити обу ҳаво тағироти худро ба вуҷуд меорад - гармии ғайримуқаррарӣ ва нарасидани об боиси фишори аз ҳад зиёди растаниҳо мегардад. Дехконон низ шикоят мекунанд, ки дар чунин гармӣ нигохубини боғ аз ҷиҳати ҷисмонӣ низ дқшвор аст.
"Танҳо қисми ками боғҳо дар Осиёи Марказӣ бо тӯрҳои зидди жола муҷаҳҳаз шудаанд, ки барои ин минтақа вазифаи боз ҳам муҳимтарро иҷро мекунанд - онҳо меваҳоро аз сӯзиши офтоб муҳофизат мекунанд", - мегӯяд, Андрей Ярмак, иқтисоддони Созмони озуқа ва кишоварзии СММ.
Бо вуҷуди ин, тӯрҳо наметавонанд пурра муҳофизат кардани меваҳоро аз фишори гармӣ таъмин кунанд - меваҳо наметавонанд муътадил инкишоф диҳанд.
Ҳарорати баланди рекордӣ ба он оварда мерасонад, ки меваҳо аз дарахтон меафтанд. Он меваҳое, ки метавонанд дар боғҳое, ки бо тӯр ҳифз нашудаанд, чунон осеб дидаанд, ки танҳо барои коркард мувофиқанд.
Гармии ғайримуқаррарӣ боиси хеле барвақт пӯхта расидани навъхои себи тирамоҳӣ гардид, ки ҳанӯз массаи даркорй нагирифтаанд. Вале деҳқонон маҷбур мешаванд, ки онҳоро ҷамъоварӣ намуда, ба фурӯш бароранд.
Дар ниҳоят, чунин вазъият метавонад нархи меваҳоро хеле паст кунад, зеро чунин себҳо бад нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар фасли зимистон арзиши себ метавонад боз ҳам боло равад, зеро захираи маҳсулоти маҳаллӣ кофӣ нахоҳад буд.