ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Маскав ҳукми муҳоҷирони тоҷик, бародарон Умар ва Саидакрам Ҳамроевҳоро имрӯз 11 август эълон кард.
Онҳо бо истифодаи зӯрӣ алайҳи намояндаи ҳокимият муттаҳам мешуданд ва бо ин ҷурм Умар барои 3,6 сол ва бародараш Саидакрам барои 2,6 сол равонаи зиндон шуданд.
Дар инбора Telegram-канали Додситонии Маскав хабар дода, гуфтааст, ки муҳоҷирони тоҷик ин муҳлатро дар зиндони низомаш умумӣ сипарӣ хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки падари бародарон Расулҷон Ҳамроев бовар дошт, ки фарзандони ӯ бо ҷарима озод мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса моҳи феврали соли равон дар истгоҳи метрои "Тулская" ҳангоми тафтиши ҳуҷҷат рух дод.
Пулис хост, ки ҳуввияти ин ду нафарро дақиқ кунад, аммо онҳо нахуст рад карданд ва сипас ба мақомот ҳамла намуданд.
Падари ин ду муҳоҷирон дар як навори видеоӣ бо таассуф изҳор дошта буд, ки аз кори фарзандони худ розӣ нест ва "онҳо набояд дар мулки бегона ба ин кор даст мезаданд".
Ба таъкиди Расулҷон Ҳамроев, ба кормандони милиса фарзанди хурдии ӯ, Умар, ки ҳамагӣ 18 сол дорад, дарафтод, чун дид, ки кормандони милиса бародарашро бо чӯбдаст (дубинка) заданд, дигар тоқат накард.