ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Маршал Абдуррашид Дӯстум, раҳбари ҳизби ҷумбиши Афғонистон дар остонаи як солагии фурӯ афтодани ҷумҳурият ва ба қудрат расидани гурӯҳи толибон ба фармондеҳони худ дар як паём савтӣ гуфтааст, ки маъюс набошанд ва дар ҷанг шикасту пирӯзӣ вуҷӯд дорад.
Дӯстум мегӯяд, ки гурӯҳи толибон ӯро шикаст надодаанд, балки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури гурезии пешин ва НАТО ба вай хиёнат кардаанд.
Раҳбари ҳизби ҷумбиш мегӯяд, ки Ашраф Ғанӣ ва НАТО ӯро икмол накарданд ва ихтиёри ҷангидан надоданд.
Раҳбар ҷунбиш мегӯяд, ки дар охирин рӯзҳои суқӯти Мазори Шариф ба Ашраф Ғанӣ пешниҳод дод, ки ӯро қумандон таъйин кунад аммо Ғанӣ қабӯл накард.
Дӯстум иброз умедворӣ мекунад, ки фармондеҳонаш дубора ба Афғонистон баргарданд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон ҳам мегӯянд, иллати фурӯ афтодани ҷумҳурият бекифоятии Ашраф Ғанӣ, бехабарии ӯ аз вазъи Афғонистону фармондеҳони низомии ин кишвар буд, чаро ки ӯ ба ҷои давлатдорӣ ба мақоланависӣ барои оштии миллӣ рӯ овард ва курсии раёсатҷумҳуриро бо курсии устодӣ иштибоҳ гирифт.
Ёдоварӣ мекунем, ки Дӯстум бо Атомуҳаммади Нур дар Балх дар баробари толибон муқовимат карданд, аммо бо таслим шудани сипоҳ ки дар Мазор мавқеият дошт, онон низ ба сӯйи Ӯзбекстон гурехтанд.
Шаҳри Мазори Шариф, маркази Балх як рӯзи пеш аз фурӯ афтодани Кобул ба тасаруфи толибон даромад.